Омодагии Вазорати тандурустӣ ба форуми сатҳи баланд

Дар назар аст, ки рӯзи 18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе форуми сатҳи баланд баргузор мешавад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Рӯзи 18 сентябр, дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ҷаласаи машваратии Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, баргузор гардид.

Дар назар аст, ки форум 18 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Вазири тандурустӣ Насим Олимзода ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор кард

Дар кори  ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонов, сардори бахши хизматрасонии иҷтимоии раёсати мазкур Фахриддин Юсуфзода, намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ,  вазорату идораҳо, муассисаҳои марбутаи соҳа ва дигар намояндагони  вазорат иштирок намудаанд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, Шодихон Ҷамшед, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, оид ба масъалаҳои ҷории нишаст ибрози андеша намудааст.

Пасон Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат оид ба вазъи пешниҳоди маърӯзаю презентатсияҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ баромад намудааст.

Дар охири ҷаласаи мазкур махсус таъкид гардидааст, ки бояд мақомот ва ташкилоту созмонҳои марбута то  замони муқарраргардида маърӯзаҳои худро ба котиботи форум пешниҳод намоянд.