Муҳоҷирон дигар наметавонанд дар вилояти Примория ронандаи нақлиёти мусофиркаш шаванд

Бар асоси дастури раиси вилояти Примореи Русия, аз аввали соли 2020 муҳоҷирони хориҷӣ, ба вижа шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқи рондани нақлиёти мусофиркашро надоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Олег Кожимяко ахиран фармонеро имзо кард, ки бар асоси он аз оғози соли 2020 муҳоҷирони хориҷӣ ҳаққи ронандагии васоили нақлияи умумӣ ва таксиҳоро нахоҳанд дошт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Примореи Русия.

Вазорати меҳнат ихтилофи омори Тоҷикистону Русияро дар бораи теъдоди муҳоҷирон шарҳ дод

Тибқи фармони мазкур, муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки расман ба унвони ронанда дар бахши ҳамлу нақли умумӣ фаъолият мекунанд, наметавонанд дигар дар ин бахш кору фаъолият намоянд.

Аз ин рӯ, ин муҳоҷирон аз ҳаққи ронандагӣ дар автобусҳо, автобусҳои барқӣ ва таксиҳои мусофиркашӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Аммо барои ронандагони хориҷӣ, ки бо автобусҳо дар бахши интиқоли гардишгарон машғул ба кор ҳастанд, истисно вуҷуд дорад ва онон пас аз соли 2020 низ метавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд.

Аз миёни 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия бар асоси муҷаввизи расмӣ фаъолият мекунанд, беш аз 60 дарсад дар бахши сохтусоз машғул ба кор ҳастанд.