Дар Тоҷикистон таҳқиқи қазияи ҳамла ба ду низомии рус оғоз ёфт

Дар Бохтар ду сарбози пойгоҳи 201 - уми Русия мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтанд. Бар хабари Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гумонбари ин ҳамла дар қайди деспансери касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Фармондеҳии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба таҳқиқи қазияи мавриди ҳамла қарор гирифтани ду низомияшон оғоз намуданд, хабар медиҳад РИА Новости истинодан ба маълумоти котиботи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия.

Захмӣ шудани 2 низомии Русия дар Тоҷикистон

Ҳамла ба ду низомии ин пойгоҳ дар шаҳри Бохтар рух дода, қазия дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр таҳқиқ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи шанбе, ду низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бар асари зарбаи корд маҷруҳ шудаанд.

Хайри низомиёни пойгоҳи 201 ба оилаҳои серфарзанд бахшида ба Иди Қурбон - акс

Бар асоси иттилои муқаддамотӣ, ҷароҳатро низомиён дар вақти берун аз хидмат дар пайи аъмоли ғайриқонунии сокини маҳаллӣ бардоштаанд. Фълан ба низомиён кумаки тиббӣ расонда шуда, ба ҳаёташон таҳдиде нест.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он ба ҳисоб рафта, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.