Ҷавонони Ҳиндустон ба хотири иштирок дар форум ба Тоҷикистон омаданд

Дар Душанбе нахустин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон сар аз имрӯз то 27 уми сентябр доир мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷиҳати иштирок дар аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар Душанбе ҷашнвораи синамои Ҳиндустон баргузор мешавад

Ба иттилои  котибиботи Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, меҳмононро бо нону намак ва гулдастаҳо истиқбол гирифта, онҳоро Тоҷикистон хушомадед гуфтанд.

Раҳимзода ба тақвияти ҳамкориҳо бо Ҳиндустон умед дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин меҳмонии ҷавонони Ҳиндустон аз 21 то 27 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Зимни баргузории Форум ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва мадании давлати мо дидан намуда, дар барномаҳои илмӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон иштирок менамоянд.