ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, маъмурини милиса Азиз Бобоҷонов, сокини 32‑солаи ноҳияи Шоҳмансурро дар қаллобӣ муттаҳам мекунанд.
Ба иттилои ин ниҳод, Бобоҷонов, ки ба ҳайси роҳбалад дар ширкати “Сомон Континент” фаъолият мекардааст, аз шаҳрвандон аз 900 то 2100 сомонӣ, дар маҷмуъ беш аз 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. ВУД таъкид намудааст, ки роҳбалади “Сомон Континент” ба ивази маблағҳои гирифтааш бояд ин шаҳрвандонро тариқи автобуси ширкат ба Русия мебурдааст, аммо пулро ба манфиати худ истифода карда, харидоронро фиреб додааст.
ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ба далели гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо бисёре аз сокинони Тоҷикистон сафар ба Русия тариқи автобусҳоро авлотар медонанд.
Боздошти Холмуродов барои фурӯши даҳҳо чиптаи қалбакии ҳавопаймо - видео
Даҳаи аввали моҳи равон Суҳроб Каримов, сокини ноҳияи Масчоҳ, ки азми сафар ба Русия тариқи автобусро дошт, иттилоъ дод, ки феълан назар ба чиптаи ҳавопаймо, арзиши хизматрасонии автобусҳо қариб се баробар арзон будааст.
"Ҳоло арзиши чиптаи ҳавопаймои самти Хуҷанд-Москав 2500-2600 сомонӣ. Қиммати чиптаи автобус 650-700 сомонӣ аст. Дуруст аст, ки барои бо автобус ба Маскав рафтан, 4-5 рӯзро тай намоӣ, аммо аз он, ки арзон аст, ба ҳамин хотир бисёре аз муҳоҷирон аз хизматрасонии автобусҳо истифода мекунанд", - изҳор дошта буд Каримов.