Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда дар вилояти Хатлон ва Суғд ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ҷойҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо  суръати 0-5  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Дар вилояти Суғд ҳаво камабр, дар баъзе ҷойҳои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва   рӯзона  23-28  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 27-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо   суръати 0-5 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.