Ҳар 15 рӯз 30 ҳазор сомонӣ ба ғолибон: мусобиқаи Ҳакимзода барои пахтачинҳо

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон мусобиқаи “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор”-ро эълон карда, ҳар 15 рӯзи мавсим ба фаъолон 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ супорида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, пахтакорони ноҳияи Шаҳритус ва шаҳри Бохтар дар ҳошияи “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор”, аз иҷрои беш аз 50 дарсади дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта мужда доданд.

Ҳама ба пахтачинӣ: аз Аҳмадзода то сарояндаҳову нависандагон ба пахтазор баромаданд

Бар асоси маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба ҳолати 18 сентябри соли ҷорӣ пахтачинҳои Шаҳритус 54,1% ва Бохтар 52,9%-и дурнамои солонаро иҷро карда, мутаносибан 6464 ва 369 тонна ҳосили пахтаро ғун намудаанд.

Манбаъ таъкид кард, мусобиқаи эълоннамудаи Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр идома дошта, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Рушди саноати сабук: танҳо истеҳсоли пилла кам шудааст

Котиботи ҳукумати Хатлон зикр намудаст, ки 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта ҷамъ оранд.  

Деҳқонони вилояти Хатлон соли равон дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар тухмии аълосифати навъҳои “Хатлон – 2011”, “Хатлон – 2012”, “Хатлон – 2014”, “Флеш”, “Чинӣ”, “Тоҷикистон”, “Ориёӣ” ва ғайра кишт кардаанд, ки 70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.