ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Рӯзи 17 сентябр сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир - Масуд Халифазода ба Донишгоҳи Портсмут рафтааст.
Ноамн нагӯед: Ёдгор Файзов норозигияшро аз эълони Ҳукумати Бритониё ба сафир гуфт
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар он сафар, мулоқот бо профессор Крис Чанг проректори Донишгоҳ ва профессор Боббӣ Меҳта сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, баргузор гардидааст.
"Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму маориф, фанноварӣ ва навоварӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ишора карда, барқарории шарокат байни Донишгоҳи Портсмут ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ва имконияти кушодани шуъбаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки дар арафаи 28 - умин солагрди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Палатаи савдои Тоҷикистону Бритониё таъсис ёфт.
Таҳсил дар Бритониё: ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Вестминстери Англия