Таҷлили нахустини Иди себ дар Тоҷикистон: он чӣ фоида дорад?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки 21 сентябр дар шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла дар Маҷмааи савдои “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе Иди себ таҷлил мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Иди себ боғдорон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ навъҳои гуногуни себ, хони пур аз маҳсулоти себӣ, гӯшаи дорои маҳсулоти миллӣ ва инчунин барномаи фарҳангиро барои сокинон ва меҳмони пойтахт пешниҳод мегардонанд, хабар додааст “Ховар” аз қавли Вазорати кишоварзӣ.

Раҳмон ба боғдорон гуфт, бо машварати олимон кор кунанд

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки Иди себ дар Тоҷикистон ба он хотир ба расмият дароварда шудааст, ки дар мамлакати мо навъҳои беҳтарини себ парвариш меёбанд.

Инчунин дар назар аст, ки зимни таҷлили иди мазкур гӯшаи тавсияҳо фаъол карда мешавад, ки дар он аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ба боғпарварон тавсияҳо дода мешаванд.

Манбаъ дар мавриди фоидаи себ зикр кардааст, ки дар китоби  “Канзи шифо” мизоҷи себро ширин, дар дараҷаи аввал гарм ва дар дуюм тар навиштаанд. Хусусияти шифобахшиаш он аст, ки дил, майна ва ҷигарро қавӣ гардонда, сари меъдаро қувват мебахшад ва иштиҳоро мекушояд. Табибон иброз доштаанд, ки ҳама намуди себ инсонро фарбеҳ мегардонад.

Иди каду фаро расид: амри раисиҷумҳур барои таҷлили ҷудогонаи иди маҳсулот

Ҳамчунин себи туршро дар миёни хамир гирифта, дар оташ  пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, барои иллати сил ва лоғарӣ дармон мебошад. Дар таркиби себ микроэлементи Fe - оҳан ва дигар моддаҳои ба организми инсон муфид мавҷуданд.

Иди себ дар Тоҷикистон бар асоси амри Президент аз 17 августи соли 2019 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи сентябр ҷашн гирифта мешавад.