ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Владимир Путин бо имзои қарори нав гирифтани шаҳрвандиро барои шаҳрвандони хориҷии дорои маълумоти олӣ ва ҷои кор, осон кард.
Тибқи қарор муҳлати таҷрибаи корӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷии соҳиби маълумоти олӣ, аз се сол ба як сол оварда шуд.
Русия гирифтани шаҳрвандиро барои собиқ донишҷӯёни хориҷ осон мекунад
Навгонӣ, аз 2 октябри соли 2019 амалӣ хоҳад шуд.
Беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шуданд
Ёдрас мешавем, ки пешниҳоди кам кардани муҳлати таҷрибаи корӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки дорои маълумоти олӣ ҳастанд, моҳи июн аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул гардид.
Қонуни нав дар Русия: ба киҳо гирифтани шаҳрвандӣ осон мешавад
Тибқи қарор, шаҳвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд, ки дорои маълумоти олӣ ҳастанд ва дар ҳудуди Федератсияи Русия басар мебаранду кор мекунанд, ҳуқуқ доранд ба таври содда соҳиби шиносномаи русӣ шаванд.