Калиди хона: туҳфаҳои Раҳмон ба маъюбону ятимон дар Файзобод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Файзобод бо як гурӯҳ ятимони кулл ва маъюбони ноҳия мулоқот намуда, туҳфаҳои идона тақдим кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавонони бо амри тақдир аз падару модар маҳрумгаштаро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ ва ободу зебо кардани сарзамин ҳидоят намуд.

Тоҷикдухтари маъюб ҳам рақс ва ҳам баскетбол бозӣ мекунад

Раисиҷумҳур ба 32 нафар ятими кулл аз 9 ҷамоати ноҳияи Файзобод туҳфаҳои идона тақдим кард.

“Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар маъюб аз оилаҳои камбизоат калиди хона супорида шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки хонаҳои истиқоматӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумат дар шаҳраки ноҳияи Файзобод сохта шуда, аз ду ҳуҷра иборатанд ва дорои беҳтарин шароити зиндагӣ мебошанд.

Инчунин дар ҳузури раисиҷумҳур ақди никоҳи як ҷуфт ҷавон, ки як нафараш ятими кулл мебошад, ба расмият дароварда шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони хушбахт шаҳодатномаи ақди никоҳро тақдим намуд.

Супориши қатъии Умарзода ба зердастонаш барои муоинаи навхонадорон

Дар охир раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ятимону маъюбон даъват кардааст, ки  бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.