Раҳмон ба ноҳияи Файзобод рафт : котибот мақсади сафарро гуфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод рафт. Котиботи раисиҷумҳур мақсади сафарро гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Президент, дар даромадгоҳи ноҳия раисиҷумҳурро сокинони касбу кори гуногун бо эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Ғуломов 21 миллионашро доду боз бунёди мактаби дигарро дар Кӯлоб ба уҳда гирифт

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, барномаи рангини консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бозгӯкунандаи меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми Файзобод нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва бисёр ҷолибу диданӣ баргузор карда шуд.

"Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Файзобод ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо сокинон ва шинос шудан бо вазъи зиндагии онҳо мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Пешниҳоди ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузоштани нерӯгоҳи "Роғун"