ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон, Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор гардид.
Иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Дар он масъалаҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва "300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ", омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, инчунин дигар қарорҳои раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд.
Тавре котиботи шаҳрдор хабар медиҳад, дар Иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода "Дар бораи вазъи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ" дар соли 2019" шунида шуд.
"Раиси шаҳри Душанбе зимни баррасии масъалаи мазкур ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супориш дод, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кор санҷишҳои берун аз нақша ва беасоси фаъолияти субъектҳои соҳибкориро танзим намоянд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин нисбат ба сохторҳое, ки ба рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ монеа эҷод менамоянд, тадбирҳои муассир андешанд.
Рустами Эмомалӣ масъулини соҳаро вазифадор кард, ки ҷалби сармояи мустақимро ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр тақвият бахшида, инчунин рушди ҳамкориро бо бахши хусусӣ таъмин намоянд.
Раиси шаҳр инчунин Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе"-ро вазифадор кард, ки фаъолияташонро бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи истеҳсолӣ ҷоннок намояд.
Дар ин замина, ба масъулини маркази навтаъсиси "Равзанаи ягона"-и назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки баҳри ба таври шаффоф ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ дастрас намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон чораҳои муассир роҳандозӣ намояд.