ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 22 то 27 - уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи синамои Ҳинд доир мегардад.
Бар хабари сафарати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, мақсади баргузории ҷашнвора таҳкими муносибатҳои дӯстии ду кишвар ва шиносоии бештари синамогарони тоҷик ва мухлисони филми ҳиндӣ бо намунаҳои беҳтарини дастовардҳои синамогарони Ҳиндустон аст.
Тасмими имзои Ёддошти тафоҳум миёни “Тоҷикфилм” ва “Узбаккино”
Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали ҷашнвора филми ҳунарии "Малика" намоиш дода мешавад.
Дар доираи фестивал ҳамарӯза соати 16:30 ва ё 17:00 дар хонаи синамои "Зебунисо"як филми ҳунарии ҳиндӣ намоиш дода мешавад. Ҳамаи филмҳо ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда, намоиш бо дубляжи тоҷикӣ ва зернависи англисӣ сурат мегирад.
Болливуд дар Точикистон: дар Душанбе Ҷашнвораи синамои Ҳинд ифтитоҳ шуд
Даромад ба намоиши филм ройгон аст.