ВУД тағйироти марбут ба симкортро нашр кард: то 3 сол ҳабсу 82,5 ҳазор сомонӣ ҷарима

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тағйирот ба Кодексҳои ҷиноӣ ва маъмурии кишварро нашр кардааст, ки ҷазо барои нақзи пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, ё ба соҳибияти каси дигар додани онро пешбинӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, моддаи 341 замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ ба тасвиб расид, ки барои вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он то 82 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Аз 1 террорист 50-60 симкорт гирифта шуд: аз шарҳи генерал то навбатпоии дурӯзаи Турсунов

Аз ҷумла бар асоси матлаби нашркардаи ВУД, барои нақзи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ чунин кирдор содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

“Ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабақаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол ҷазо дода мешавад”, - таъкид кардааст ВУД.

Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад

Бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шудааст, барои нақзи қоидаҳои пайвасткунии симкорт дар сурати набудани аломатҳои ҷиноят аз 5 ҳазору 500 то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Тибқи моддаи 350 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз чорсад то шашсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Ҷаласаи Ҳукумат: Раҳмон фурӯши симкорт бо нархи 250 сомониро мутаваққиф кард

Тағйироти мазкур ба Кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сомонаи Вазорати умури дохилӣ нашр шудаанд.