ВУД Тоҷикистон: писарбачаи 9-сола зери чархи трактор ба ҳалокат расид

Хонандаи синфи 3-юми деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён зери чархи ядаки трактор ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки як писарбачаи 9-сола аз деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён аз беэҳтиётиаш афтида, зери чархи ядаки трактор мондааст.

Ҳодисаи нохуш: ҳалокати кӯдаки сесола зери "чизил"-и трактор дар Шаҳритус

Тавре манбаъ қайд намудааст ин ҳодисаи нохуш рӯзи 18-уми сентябри соли равон дар деҳаи Механизатор рух додааст.

“Ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-50”, бо ду ядакаш, Ҳайитбоев Гурезалӣ, соли таваллудаш 1956, сокини деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Механизатор, хурдсол Турдиев Аҳмадҷон Алишерович, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 3-юми МТМУ, сокини деҳаи мазкур ба байни ядаки якум ва дуюм савор шуда, аз беэҳтиётиаш афтида, зери чархи ядаки дуюм мондааст”, таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, хурдсол Турдиев Аҳмаджон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандни милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.