Меҳмон дар Конибодом соҳибхонаро кушт – видео

Додгоҳи вилояти Суғд Павел Абдуллаев, сокини шаҳри Конибодомро дар дубора даст задан ба ҷинояти куштор гунаҳкор дониста, ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Абдуллаев, соли таваллудаш 1963 қаблан барои одамкушӣ маҳкум шуда, баъди адои ҷазо дар ҳолати мастӣ боз даст ба ҷиноят задааст.

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ Абдуллаевро дар қатли дӯст ва ҳамқадаҳаш – Комил Ниёзови 54-сола гунаҳкор донистаанд.

Бар асоси гузориши ВУД, маҳкумшуда рӯзи 24 июл ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи Ниёзов бо соҳибхона майи зиёд нӯшидааст, ки бо кордзанӣ анҷомидааст.

Сокини Шаҳритус хост ҳамсари 29 - солаашро ба қатл расонад

Манбаъ таъкид кард, ки муноқишаи ҳамқадаҳҳо дар пайи он сар задааст, ки Павел Абдуллаев ихтиёран нахостааст, ки хонаи Ниёзовро тарк кунад ва вақте соҳибхона сӯи меҳмон ҳаракат мекунад, корд хӯрдааст.

Ба иттилои ВУД, Абдуллаев бо корди хоҷагӣ ба қисмати чапи қафаси синаи Ниёзов корд задааст, ки дар натиҷа соҳибхона дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Додгоҳи вилояти Суғд муттаҳамро дар дубора даст задан ба куштор гунаҳкор дониста, ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.