Бояд шаҳид мешудам: нақли навраси тоҷик аз урдугоҳи Сурия

Навраси тоҷикро дар яке аз удругоҳҳои Сурия ёфтаанд. Маълум шудааст, ки ӯ дар қатори терористон ҷангидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Рӯзноманигорони CNN дар Сурия навраси тоҷикро ёфтаанд, ки падару модараш ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДОИШ (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) будаанд.

Гузориши видеоии рӯзноманигорони CNN дар Facebook нашр шудааст.

Рӯзноманигорон навраси тоҷикро дар яке аз урдугоҳҳо ба унвони Ал-Ҳол ёфтаанд. Ин ҷо онҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки аз манотиқи таҳти назорати гурӯҳи тундрави ДОИШ, ба шимолу-шарқи Сурия оварда шудаанд.

Миёни шаш мурда: Марям дар бораи зиндагии фоҷиабораш дар Ироқ нақл кард

Маълум шудааст, ки навраси 15-солаи тоҷик низ узви гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ будааст. Ӯ ба рӯзноманигорон нақл кард, чигуна ба ӯ бомб, силоҳ ва камарбанди шаҳидӣ додаанд ва чӣ сон бояд дар бошгоҳи амрикоӣ, худро метарконд.

Ду кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан бар гардонида мешаванд

Ёдрас мешавем, ки пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дода буд, ки беш аз 550 нафар тоҷикон дар урдугоҳҳои гурезагон дар Сурия қарор доранд. Аз ин шумор 86-зан, 228 - духтарони наврас ва 240 писарон мебошанд.

Сиёсатмадор гуфта буд, ки бонувон занони мардони тоҷик мебошанд, ки дар сафи гурӯҳи тундрави ДОИШ ҷангидаанд.