Дар Приморский муҳоҷиронро аз ҳаққи рондани автобус ва таксӣ маҳрум мекунанд

Муҳоҷирони меҳнатиро ҳамакнун аз ҳаққи рондани нақлиёти мусофирбар, аз қабили автобус ва таксӣ маҳрум мекунанд. Чунин қарорро чанде қабл губернатори ин манотиқ Олег Кожемяко ба тасвиб расонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Приморский муҳоҷиронро аз фаъолият намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум мекунанд, хабар медиҳад котиботи маъмурияти ин  манотиқ.

Дастури қатъии Путин бораи ситонидани ҷарима аз шаҳрвандони хориҷӣ

Бар  хабари манбаъ, қарори дахлдорро губернатори ин манотиқ Олек Кожемяко ба имзо расонид ва интизор меравад он сар аз соли гузашта ҳукми қонунӣ хоҳад гирифт.

Нуздаҳ баробари шаш: пулиси Русия микроавтобуси "резини"-и муҳоҷиронро ошкор кард

"Сар аз соли 2020 дар қаламрави Приморский муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳаққи фаъолият намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ комилан маҳрум мекунанд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Тибқи қонуни ба тасвибрасида, аз соли оянда муҳоҷирон дигар наметавонанд ба сифати ронанда дар автубусу трамвай ва троллейбесу таксӣ кор кунанд.

Зимнан гуфта мешавад, ки чунин маҳдудият ба автобусҳои баиҷора гирифташуда, ки дар масири сайёҳӣ ва ҷойҳои тамошобоб ҳаракат мекунанд, татбиқ карда намешавад.

Русия ҳаққи ронандагӣ барои муҳоҷиронро то як сол тамдид мекунад

Тибқи иттилои маъмурият, бо қонуни гардидани ин қарор беш аз 300 муҳоҷироне, ки қаблан иҷозатномаи кор дар Приморский гирифта буданд, таҳти он қарор мегиранд.