Ҳузури панҷ корхонаи нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”-и Маскав

Панҷ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар кишварҳои ҳамсуд ба ҳисоб меравад, намояндагӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ахиран дар пойтахти Русия намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром” оғоз ёфт, ки дар он панҷ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистон  ҳузур доранд, иттилоъ додааст Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матоъи пахтагин ва либосворӣ дар толорҳои ВДНХ то 20-уми сентябр ба маъраз гузошта мешавад.

Дар Душанбе беҳтарин корхонаву соҳибкорони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ муайян шуданд

Ҳашт истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Барселона рафтанд

“Имсол корхонаҳои зерин аз Тоҷикистон дар намоишгоҳ ҳузур ёфтанд: “Ваҳдат”, “Лиман”, “Раҳимов А.А.”, “Файзи истиқлол”, ва “ХИМА-Текстил”. Дар намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро масъулони ширкатҳои консалтингии “Business Consulting Group” (Хуҷанд), “ACT Development Group” (Душанбе), ва Иттифоқи Рушди Бахши Хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) раҳнамоӣ мекунанд”, - таъкид намуд манбаъ.

 “Текстиллегпром”, ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук дониста мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад.

Нахустин сафари намояндагони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон ба Покистон сурат гирифт

Тавре манбаъ қайд намудааст, намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.

Ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба Чин мебаранд

Маркази тиҷорати байналмилалӣ таъкид намудааст, ки корхонаҳои ҷумҳурӣ ҳам маҳсулоти хом ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матоъи пахтагин, ва ҳам маҳсулоти тайёр ба монанди ҷӯроб, либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси тагпӯши мардонаву занона ба намоиш гузоштанд.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ дидор намуда, бо фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин ошно хоҳад шуд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ барои 12-умин бор иштирок мекунад ва тӯли ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд, ки барои кишвар имиҷи манбаъи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагиро бисозанд.