Покистон имкони ҷанги ҳастаӣ бо Ҳиндро баид намедонад

Умрон Хон, нахуствазири Покистон гуфт, авзоъ дар минтақа мавриди муноқишаи Кашмир метавонад мунҷар ба ҷанги ҳастаӣ бо Ҳинд шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи The Telegrap Умрон Хон, нахуствазири Покистон гуфт, авозъ дар кишвари мавриди муноқишаи Кашмир метавонад мунҷар ба ҷанги ҳастаӣ бо Ҳинд гардад.

Коршинос Тарасов: кишварҳои узви СҲШ метавонанд Ҳидустону Покистонро ором кунанд

Вай гуфт мухолифи ҷанг аст, вале таъкидӣ кард, ки дар ҳоле, ки ду қудрати ҳастаӣ марсуми ҳар навъи ҷангиро оғоз мекунанд, пас ҳар фурсате барои шурӯъи як ҷанги ҳастаӣ низ вуҷуд дорад.

Роҳбари Покистон ҳамчунин аз вокуниш соири кишварҳо нисбат ба тасмими Ҳинд барои поён додан ба ҳукумати худгардон дар Кашмир ибрози норизоятӣ кард.

Умрон Хон зимни мусоҳиба Ҳиндро ба наслкушӣ муттаҳам намуд.

Пеш аз ин, мақомоти Исломобод дар рӯзҳои ахир эълон кард, ки ин кишвар дар эътироз ба вазъи буҳронии Кашмир ба додгоҳ Гаага ва Шӯрои ҳуқуқи башар СММ муроҷиат хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳинд ва Покистон аз соли 1974 бар сари тақсими Кашмир бо ҳам мухолифат доранд.