Ҳакимзода Чинро боэътимод хонду ба сармоягузорӣ дар “Кӯлоб”-у “Данғара” даъват кард

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо ҳайати чинӣ таҳти роҳбарии Хэ Жун, муовини котиби кумитаи музофоти Шенсӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, зимни мулоқот Ҳакимзода таъкид кард, ки Чин барои Тоҷикистон шарики боэътимод мебошад.

Қарзи берунии Тоҷикистон аз 50 дарсади ММД зиёд шудааст

“Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла вилояти Хатлону музофоти Шэнсӣ, ифодагари манфиатҳои бунёдии мардумони мо мебошад”, - афзуд раиси вилоят.

Ӯ таъкид намуд, ки Чин калонтарин сармоягузор ва калонтарин шарики тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад.

“Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин дар мавҷуд будани потенсиали муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад. Айни замон ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаи роҳсозӣ, энергетика, саноати кӯҳӣ, соҳаҳои кишоварзиву маориф, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд”, - изҳор доштааст Ҳакимзода.

Ба қавли раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, имрӯз ҳам заминаҳо барои таҳкими ҳамкории минтақаҳои Хатлон ва Шенсӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ фароҳам буда, роҳандозии тарҳҳои муштарак имконпазир мебошад.

Баъди ҳушдори Расулзода: Ҳукумат созишнома бо ширкати чиниро қатъ кард

Хэ Жун зимни мулоқот зикр кард, ки Шэнсӣ яке аз музофотҳои калонтарини Чин ба ҳисоб меравад, ки дар он беш аз 38 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. 

“Таърихи ҳамкориҳои бевоситаи вилояти Хатлону музофоти Шэнсӣ аз соли 2014 ибтидо гирифта, то ин вақт дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, мошинсозӣ, табодули таҷриба ва маориф ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Дар музофоти мо 109 мактаби олии таълимӣ амал мекунад, ки дар он беш аз якуним миллион донишҷӯ, аз он ҷумла ҷавонони тоҷикистонӣ низ таълим мегиранд”, - зикр намуд хонум Хэ Жун.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар хитоб ба ҳайати чинӣ таъкид намудааст, ки минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Кӯлоб” барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мувофиқ мебошанд.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсии Чин чораандешӣ хоҳанд кард.