Сӣ дарсади кормандони корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ занон хоҳанд буд

Дар нақша аст, ки дар назди корхона курсҳои бозомӯзии мутахассисон ташкил карда шаванд ва барои танзими лавҳаҳои электронӣ, ки таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд, 30 дарсади кормандон аз ҳисоби занон ба кор ҷалб мегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру ҳидоятҳои  Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.

Дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи азими сементбарорӣ бунёд мегардад

Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷикгидроэлектромантаж" ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат ва таҳвили лизингии дастгоҳу таҷҳизот корхонаи муосири саноатиро дар шаҳри Душанбе  ба истифода диҳанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона асосан истеҳсоли дастгоҳҳои идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, лавҳаҳои ҳимояи релеӣ ва автоматикӣ, дастгоҳҳои тақсимотии баландшиддати 6,10 ва 20-киловолта, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояҳои оҳании гуногун барои низоми равшандиҳии хиёбону гулгаштҳо, равоқпояҳои зеристгоҳҳои барқӣ, пояҳои оҳании хатҳои интиқоли неруи барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хати истеҳсолӣ оид ба руҳандуд намудани ҳама гуна конструксияҳои оҳанӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол беш аз 1000 дастгоҳи идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4-киловолта, 500 адад дастгоҳи тақсимотии баландшиддати 6, 10 ва 20-киловолта ва беш аз 200 адад истгоҳи мукаммали трансформаториро ташкил дода, бунёди иншоот иқдоми муҳим дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар дохили кишвар ва бад-ин васила таъмини боэътимоди соҳаҳои гуногуни мамлакат бо неруи барқ мебошад.

Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхона дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла қолибгарӣ, қаткунӣ, кафшергарӣ, рандакорӣ, харротӣ, рангуборкунии хока, ваннаҳо барои руҳандуд ва дастгоҳҳои коркарди конструксияҳои оҳану тахтасим аз корхонаҳои бонуфузи Аврупо, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо реҷаи ададӣ барномасозӣ гардидаанд, ворид ва васлу насб карда мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе мактаби махсуси зеҳнӣ бунёд мекунад

"Муҳлати бунёди ин корхонаи замонавӣ дар пойтахти мамлакат ду сол пешбинӣ гардидааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт", - омадааст дар хабарнома.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ зиёда 200 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Аснои шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шудааст, ки сокинон баъди омӯзиши раванди истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда ба кор фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин дар нақша аст, ки дар назди корхона курсҳои бозомӯзии мутахассисон ташкил карда шаванд ва барои танзими лавҳаҳои электронӣ, ки таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд, 30 дарсади кормандон аз ҳисоби занон ба кор ҷалб мегарданд.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани корхона, ки дар он асосан истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст, тадбири муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ мебошад.