Падару писар барои бунёди корхонаи қолинбофӣ “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузоштанд

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи азими қолинбофӣ “Қолинҳои Душанбе” бунёд мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Зебунисо 5-и ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузошт.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин мебошад. Барои истеҳсоли қолинҳо дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил”-и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳанд шуд.

Раҳмон ҳамроҳ бо Рустам Эмомалӣ дар Душанбе литсейи нав ифтитоҳ кард

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегарданд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъйиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол хоҳад шуд.

"Корхонаи “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои  бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд", - зикр намудааст манбаъ.

Интизор меравад, ки ин корхонаи саноатӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад.

Манбаъ қайд намудааст, ки ҳангоми шиносоӣ бо иқтидор ва тарҳу шакли корхонаи бунёдшавандаи истеҳсоли қолинҳо дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур дод, ки ба сифат ва тақвияти имконияти содиротӣ  диққати махсус диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ карда, бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти кишвар ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки дар ҷараёни сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.