Дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи азими сементбарорӣ бунёд мегардад

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бунёди боз як корхонаи азими истеҳсоли семент оғоз ёфт, баъди пурра ба кор андохтани корхонаи нав, фаъолияти корхонаи ҳозираи семент, пурра манъ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузоштанд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, самти фаъолияти корхонаи нав ба истеҳсоли семент нигаронида шуда, он бо ҷалби сармояи мустақим сохта мешавад.

Падару писар барои бунёди корхонаи қолинбофӣ “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузоштанд

“Дар асоси лоиҳа иқтидори корхонаи истеҳсолии ҶСП “Тоҷиксемент” дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад.  Дар ин корхона сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад”,- таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки хати истеҳсолии корхона, ки аз 10 сехи асосӣ ва ду сехи иловагӣ иборат мебошад, дар масоҳати 15 гектар васлу насб шуда, дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи автомобилӣ, сехи таъмирӣ, идораҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад.

Корхона ба таври муосир, мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф безарар дар канори шаҳр бунёд меёбад.

Ҳамзамон, манбаъ хабар додааст, ки чангу ғубор дар ҳамаи сехҳои корхона, яъне дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон созишнома бо Бунёди Оқохонро ба парлумон фиристод

Масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар иншоот 1,5 сол идома хоҳад ёфт.

“Оҳаксанг, магнетит, гаҷ ва хок, дар маҷмуъ ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас карда мешавад”, - зикр намуд дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Манбаъ қайд намудааст, ки технологияи истеҳсолии корхонаи ҶСП “Тоҷиксемент” бо иҷозатномаи яке аз бонуфӯзтарин ширкатҳои истеҳсолии Олмон дар Чин истеҳсол карда шудааст.

Инчунин, манбаъ таъкид доштааст, ки баъди пурра ба кор даромадани корхонаи нав, корхонаи ҳозираи семент, ки солҳои дароз кор кардаву фарсуда шудааст ва ба муҳити зисти шаҳр таъсир мерасонад, фаъолияташ пурра манъ карда мешавад.