Қурби асъори хориҷӣ дар оғози ҳафтаи нав дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кардааст, ки бар асоси он имрӯз як доллари ИМА ба ҳисоби миёна бо нархи аз 9.6500 то 9.7000 сомонӣ фурӯхта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ имрӯз дар ташкилоти қарзии кишвар аз 0.1505 то 0.1519 сомониро ташкил медиҳад.

Нурмаҳмадзода: камбуди доллар дар Тоҷикистон аз мавсим вобаста аст

Арзиши фурӯши як доллари ИМА аз 9.6500 то 9.7000 сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди арзиши асъори хориҷӣ дар бозори ғайринақдӣ изҳор доштааст, ки қурби 1 доллари ИМА - 9.6906  сомонӣ, 1 евро – 10. 7575 сомонӣ, 1 рубли русӣ - 0.1503  сомониро ташкил медиҳад.

“Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА  аз 9.6500 то 9.7000 сомонӣ, барои 1 евро аз 10. 6700 то 10.7700 ва барои 1 рубли русӣ 0.1505 то 0.1519 сомонӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.