Меҳмони фахрӣ: иштироки Орумбекзода ва ҳунармандони тоҷик дар фестивали Узбакистон

Ҳунармандони Тоҷикистон аз 10 то 15 сентябр дар шаҳри Қӯқанди Узбакистон дар Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар фестивали мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Вазири тоҷик дар Узбакистон ба масҷид рафту бо “идея” баргашт

Мақомсароёни тоҷик дар Узбакистон шоҳҷоиза ва 15 ҳазор доллар гирифтанд

Тавре Вазорат хабар додааст, аз Тоҷикистон дар фестивали мазкур 8  ҳунарманди шинохта иштирок намудааст.

Дар фестивали мазкур ҳунармандони тоҷик ҳунарҳои миллии Тоҷикистонро манзури меҳмонон гардониданд.

Ҳамчунин дар доираи фестивал барномаҳои гуногун, аз ҷумла конфронсу суҳбатҳои “мизи мудаввар” баргузор гардидааст, ки дар онҳо рушди соҳаи ҳунармандӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои ҷойдоштаи соҳа ва дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Пешвози гарми Узбакистон аз ҳайъати фарҳангиёни тоҷик дар Тошканду Самарқанд

Ёдрас мешавем, ки ахиран бо мақсади иштирок дар барномаҳои идона бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Узбакистон намояндагони шаҳри Исфара бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин озими ноҳияи Бешариқ шуданд.

Сипоси Мирзиёев аз санъаткорони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии бахшиҳо

Робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон миёни ду кишвар дар соли 1992 мутаввақиф шуда буд ва танҳо баъд аз вафоти президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов ва ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев имкони азсаргирии ҳамкориҳо пайдо шуд.

Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 ду кишвар 27 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла лағви муқаррароти виза барои сафари шаҳрвандони худ ба қаламрави ҳамдигарро имзо карданд.

Қабл аз сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе миёни пойтахтҳои ду кишвар парвози доимии ҳавопаймо низ роҳандозӣ шуд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки то як соли оянда мизони доду гирифти маҳсулот миёни ду кишвар бояд ба 1 миллиард доллар расонида шавад.