Аз “Ford” то “Mercedes-Benz" : дар Душанбе худравҳои нодир ба намоиш гузошта шуд - акс

Sputnik

Фестивал-намоишгоҳ “Авто-ретро Душанбе” дар майдони “800-солагии Маскав”-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор гарид.

Ин Фестивал–намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад.

Аз "Запарожец" то "Mercedes": қарори Рустам Эмомалӣ аз баргузории "Авто-ретро Душанбе"

Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии “Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардида, дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Урупо ва Амрико ба тамошо гузошта шуд.

Меҳмонони намоишгоҳ имкон доштандаз  ретро-мошинҳои нодир “Победа”, “Москвич”, “Волга”, “Запарожетс”, “Лада”, “Volkswagen”, “Ford”, “Chevrolet” “Pontiac” ва албатта, “Mercedes-Benz" дидан кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Нахустин фестивал – намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии “Авто ретро Душанбе” 21 апрели соли  2013  дар  Рӯзи пойтахт   дар Душанбе  баргузор шуда буд.

Он дар  майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофиз Шерозӣ баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши  пойтахт  гузашта буд.

1 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
2 / 13
3 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
4 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
5 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
6 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
7 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
8 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
9 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
10 / 13
11 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе
12 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.
13 / 13
Намоиши - "Авто-ретро" дар Душанбе.