ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Таваралӣ Ғайратов, ки ба аробакашӣ машғул будааст, шоҳиди ғарқшавии кӯдак дар дарёи Вахш шуда, худро ба об андохтааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодиса 9-уми сентябри соли равон, дар рӯзе, ки мардуми кишвар 28-умин солгарди истиқлоли давлатиро таҷлил мекарданд, рух додааст.
Манбаъ таъкид кард, ки Ғайратов Таваралӣ Шералиевич, сокини ноҳияи Вахш, ки бо аробааш ба кашонидани ангишти мардум банд буд, рӯзи 9 сентябр мардонагӣ нишон дода, кӯдаки хурдсол Тағоев Абдураҳмон, соли таваллудаш 2017-ро аз ғарқшавӣ дар рӯди Вахш наҷот дод.
Ғайратов Таваралӣ Шералиевич, вақте шоҳид шудааст, ки кӯдаки хурдсол Тағоев Абдураҳмон дар рӯди Вахш ғарқ шуда истодааст, худро ба об партофта кӯдакро аз марг наҷот додасту, зуд ба беморхонаи ноҳия расондааст, афзуд ВУД.
ВКД акси манзилеро, ки ҷони капитан Фаррух Иброҳимовро гирифт, нашр кард
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки барои шуҷоату далерӣ, Ғайратов Таваралӣ бо медали Вазорати корҳои дохилӣ "Барои далерӣ" ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.