Дастгир шудани ду ноболиғ барои авбошӣ дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду наврас аз шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми авбошӣ дар шаҳри Душанбе дастгир кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурини милиса 2 ноболиғи 14 ва 17-сола,  сокинони шаҳри Ваҳдатро бо гумони авбошӣ дастгир карданд. 

Сокини Шаҳритус хост ҳамсари 29 - солаашро ба қатл расонад

Манбаъ афзуд, ки номбурдагон, 8-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа дар маҳаллаи 112-ум як ҷавонро маҷруҳ кардаанд.

“Ноболиғон, ҳангоми дар маҳаллаи 112-уми ноҳияи Сино қарор доштанашон бо ҷавони 19-солаи сокини кӯчаи Испечак ҷангу ҷанҷол намуда, бо олоти халандаю буранда як маротиба ба рони пои чапи ӯ задаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ВУД аз ҳодисаи кордкашӣ ба сӯи соҳибкор дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.  Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 12:40-дақиқа рух додаст.

Боздошти омӯзгори Коллеҷи тиббӣ: аз довталаб 21 000 сомонӣ хостааст

Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини деҳаи Тудабоёни шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.