Ҳиҷоби омӯзгорон боиси ронда шудани онҳо аз дабистон шуд

Ронда шудани ду омӯзгор барои бадар накардани ҳиҷобашон аз дабистони Канада, боиси нигаронии амиқи мусалмонони бумии ин манотиқ гардид. Пас аз вуқӯи ин кор, Шурои миллии мусалмонони ин давлат тасмим гирифтаанд, ки барои нақзи ҳуқуқи онҳо ба додгоҳ шикоят бибаранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Монреали Канада ду омӯзгорро барои ради дархости маъмурияти макотиб бобати гирифтани ҳиҷоб аснои дарс гуфтан, аз дабистон ронданд, хабар медиҳад рӯзномаи туркии Daily Sabah.

Маликаи рақс рӯи ях бо ҳиҷоб: варзишкори АМА, ки қоидаи бозиро дигар кард

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар вилояти Квебеки Канада қароре ба ҳукми қонунӣ даромад, ки тибқи он бабар кардани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла макотибу дармонгоҳҳо ва додгоҳу нақлиёти ҷамъиятӣ қатъиян манъ аст.

Аз маликаи Бритониё то Мишел Обама ва Анҷелина Ҷолӣ бар сари худ ҳиҷоб андохтанд

Тавре мудири иттифоқи муаллимони Монреал Кэтрин Боваис-Сен-Пер дар ин робита зикр намудаст,  аз омӯзгорони мусалмон дархост намуданд, ки ё ҳиҷобашонро бадар кунанд ва ба идомаи дарс давом диҳанд ва дар сурати баръакс тарки таълимгоҳ намоянд.

"Ҳар ду омӯзгор чун ҳиҷобашонро аснои дарс гуфтан аз сар нагирифтанд, аз ин рӯ аз дабистон ронда шуданд", - қайд намудаст мудири иттифоқи муаллимони ин манотиқ.

Намоиши ҳиҷобҳои мӯд дар анҷумани “Русия – дунёи Ислом”

Зимнан вазири маорифи музофоти Квебек, маконе, ки қонуни баҳсбарангези манъи ҳиҷобро қабул намуданд, изҳор  дошт, ки риояи бечунучарои қонуни зайл барои ҳама шарт ва зарур аст.

Вазир илова намуд, ки дар сурати  риоя накардани ин қавонин, маъмурияти дабистонро ҷаримабандӣ мекунанд ва аз ин рӯ моро лозим аст, то нафаре, ки аз риояи он саркашӣ мекунад аз макотиб ронда намоем.

Гуфта мешавад, Шӯрои миллии мусалмонон, ки аз қабл ҷонибдори қабул шудани чунин як қонун набуданд, ба Додгоҳи болоӣ барои лағви қарори марбута муроҷиат намудаанд.