Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Тибқи иттилои ҳавошиносон, имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва   рӯзона  20-25  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14  ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 28+30  дараҷа гарм мешавад.