Вазорати кишоварзӣ: ҷамъоварии ғалладонагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, то 6 сентябр дар ҷумҳурӣ 763 ҳазору 221 тонна ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 ҳазору 791 тонна зиёд мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ин миқдор ғалладона аз майдони  259 ҳазору 382 гектар ҷамъоварӣ шудааст, хабар дод “Ховар” аз қавли Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Нархи 1 халта орд дар Тоҷикистон аз 200 сомонӣ ҳам гаронтар шуд

Манбаъ афзуд, соли равон дар ҷумҳурӣ дар 291 ҳазору 510 гектар кишти ғалладона, аз ҷумла гандум гузаронида шудааст.

Фахриддин Набизода, сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ таъкид намудааст, ки феълан маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ босуръат идома дошта, дар маъракаи ҷамъоварии ин зироат 97  адад комбайнҳо ба кор машғуланд.

Ин ниҳод зикр кардааст, ки ғалладонагӣ, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд ва аз ин рӯ вазорат талош дорад, ки кишти чунин зироатро дар мамлакат бештар  намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд.

Нигаронии Зокирзода аз нархи осмонии меваю сабзавот дар Бадахшон

Таъкид шудааст, ки дар баъзе минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Мастчоҳ ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъоварии ғалладонагиҳо то охири моҳи октябр идома меёбад.