Раиси шаҳри Хуҷанд: ба аризаву шикояти шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоед

Дар толори Мақомоти шаҳри Хуҷанд таҳти Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд машварати васеи корӣ баргузор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни ҷаласа таъкид дошт, ки   бояд пеш аз ҳама дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва ба ин васила кам намудани молҳои воридотӣ таваҷуҳ зоҳир намоем.

Вай инчунин афзуд, бояд масъулини дахлдор барои сазовор истиқбол намудани иду ҷашнҳои дар пешистода бо дастовардҳои назаррас ва иқдомҳои ободкорӣ сайъ намоянд.

Аҳмадзода: як моҳ муҳлат шикояту дархостҳои сокинони ноҳияи Айниро қонеъ намоед

“Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, омодагӣ ба мавсими гулу дарахтшинонӣ, тақвияти фаъолияти кормандони сохторҳои ободонӣ аз масоили муҳими ҷаласа буд”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки сипас дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди амалишавии Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳбарон ва масъулини дахлдор талаб намуд, ки зимни баррасии аризаву шикояти шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласа таваҷҷуҳи масъулинро ба корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, тақвияти фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, муҳоҷират, касбомӯзӣ, рушди ҳунармандӣ, ободонӣ, тадбирҳои 30 солагиии Истиқлолияти Тоҷикистон, иншооти бунёдшаванди ҷашнӣ ва ғайраҳо ҷалб намуда, барои иҷрои корҳои банақшагирифташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.