Қарзи берунии Тоҷикистон аз 50 дарсади ММД зиёд шудааст

Бонки Ҷаҳонӣ, дар гузориши ахираш “Мусоидат ба имконоти рушди Тоҷикистон”-и таъкид намудааст, ки Тоҷикистон бояд дар муддати 5 соли оянда, 40 дарсади қарзҳои берунии худро пардохт намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории tajikistantaimes, дар ин гузориш Бонки Ҷаҳонӣ сабаби якбора боло рафтани мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ба миқдори 500 миллион доллар дар фурӯши коғазҳои қимматноки аврупоӣ (Евробонд) барои сармоягузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” марбут донистааст.

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро қашоқтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо номид

Қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин будааст, ки 54,1 дарсади қарзҳои хориҷӣ ва ҳудуди 80 дарсади қарзҳои дуҷониба бо ин кишварро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати молияи Тоҷикистон мизони қарзҳои хориҷии кишварро ба 36 дарсади ММД баробар хондааст.

Бино ба маълумоти вазорати молия, Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад дар соли равон аз созмонҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои алоҳида ба миқдори 445 миллион доллар қарз ва кумакҳои билоиваз дарёфт кунад.

Барои пардохти қарзҳои беруна дар соли ҷорӣ  Ҳукумати Тоҷикистон бояд 1 миллиарду 211 миллион сомонӣ, ки муодили 125,1 миллион доллар мебошад, пардохт намояд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯиҳои Ҳукумати Тоҷикистон, дар охири соли 2020 қарзҳои берунаи кишвар ба 3 миллиарду 327 миллион доллар хоҳад расид.