ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара роҳи таҷдидшудаи деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дарозии роҳи мазкур 4 километр ва паҳноиаш 5 метрро ташкил дода, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст.
“Корҳои таъмирӣ дар ин масир се моҳро фаро гирифта, дар ин давра наздики 30 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Роҳ дар доираи талаботи меъёрҳои муқарраргардида таъмир шудааст ва бо аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Тоҷикистону Чин паҳлуҳои техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷро баррасӣ карданд
Ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 110 километр роҳ навсозӣ гардида, дар зиёда аз 20 километр роҳи дигар корҳои таъмирӣ бо маром идома доранд.
Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки дар давоми 2 соли оянда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов дар деҳаҳои деҳоти Пушинги ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ҳисобида, ба дастандаркорон барои анҷоми чунин кори хайру савоб, инчунин саҳм гузоштан дар ободии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳур.