ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тавре Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.