Путин ба ваъдааш вафо кард: қадаҳи шаробро баъди 20 сол нӯшид-видео

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия зимни боздид аз деҳаи Ботлихи Доғистон қадаҳи шаробро, ки 20 соли қабл гузошта буд, нӯшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ваъдааш, ки қадаҳи шаробро баъди анҷоми вазифаҳои гузошташуда менӯшад, 20 сол пас зимни боздид аз Доғистон иҷро кард.

Раисиҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе дар доираи сафараш ба Доғистон аз деҳаи Ботлих боздид карда, назди ёдгории ҳалокшудаҳо дар ҶБВ, ҷанги Афғонистон ва амалиёти ҷангии моҳҳои август-сентябри соли 1999 гул гузошт.

Дар пайи ин Путин қадаҳи шаробро нӯшид, ки соли 1999-ум нӯшиданашро то ҳалли вазифаҳои гузошташуда ба таъхир монда буд.

Моҳи августи соли 1999 дастаи ҷангиён таҳти фармондеҳии Шамил Басаев ва Хаттаб ба Доғистон ҳамла карданд. Ба кӯмаки низомиёни Русия гуруҳҳои ихтиёрӣ омаданд, ки аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ташкил шуда буданд.

Ба макони даргирӣ Владимир Путин, ки он замон мақоми сарвазири Русияро дошт, парвоз карда буд.

Ӯ зимни суханронӣ дар назди ҳозирин пешниҳод карда буд, ки қадаҳҳоро ба замин гузорему пайи ҳалли вазифаҳои гузошташуда гардем. Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ҷоми шаробро ҳатман хоҳанд нӯшид, аммо баъде, ки мушкилот бартараф шаванд.