Садамаи маргбор: ҳалокати ду сокини ноҳияи Ванҷ ба сабаби чаппа шудани мошин ба дарёи Панҷ

Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ду сокини деҳаи Барвани ноҳияи Ванҷ, ки мошинашон ба дарёи Панҷ чаппа шудааст идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, дар садамаи маргборе, ки дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ” дар ҳудуди деҳаи Зиғар-Яхчисори ноҳияи Дарвоз рух додааст, Худойдодов Нозимшо Ҳайдарович ва Бачабеков Хушбахт Давлатбекович ҷони аз худро аз даст доданд.

Садамаи маргбор: “Опел” чаппа шуд як нафар ба ҳалокат расиду, ду нафари дигар маҷрӯҳ

Се садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони 4 нафарро рабуд

Тавре манбаъ қайд намудааст, рӯзи 10-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чакман”, Худойдодов Нозимшо Ҳайдарович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ” дар ҳудуди деҳаи Зиғар-Яхчисори ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи мошин набаромада, онро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст. 

Хоби марговари ронанда: мошини газкаш дар роҳи Душанбе - Чаноқ ба дарё сарозер шуд

“Дар натиҷа, худи ронанда Худойдодов Н.Ҳ. ва мусофири автомашинаи мазкур Бачабеков Хушбахт Давлатбекович, соли таваллудаш 2000, сокини деҳаи Барвани ноҳияи Ванҷ ба дарёи Панҷ ғарқ шудаанд”, -  қайд намудааст манбаъ.

Тавре ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи ҷасади шаҳрвандон Худойдодов Н.Ҳ. ва Бачабеков Х.Д. идома дорад.