Пешвозу истиқболи бошукӯҳи Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб - Акс

Шоми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Хатлон вориди шаҳри Кӯлоб шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, сафари мазкур бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию  ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 28- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон анҷом ёфтааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишварро сокинони шаҳр бо самимияти беандоза ва руҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд.

“Дар солҳои соҳибистиқлолии  кишвар  шаҳри Кӯлоб бо бунёди даҳҳо иншооти хизматрасонию маъмурӣ ва иҷтимоӣ ободу зебо гардида, бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим ва татбиқи ҳадафҳои созанда сатҳи зиндагии  мардум баланд гардидааст”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ёдрас мешавем, ки субҳи дирӯз Эмомали Раҳмон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сафар карда буд. Зимни сафараш раисҷумҳури кишвар як қатор иншоотҳои муҳимро дар ноҳияи Муъминобод ифтитоҳ кард.