Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон боз рӯ ба афзоиш ниҳод

Аз аввоили соли равон наздики 360 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кор ба муҳоҷирати корӣ рафтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави Тоҷикистон беш аз 357 нафар шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ рафтанд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Вазорати меҳнат: масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия то охири сол ҳал хоҳад шуд

Манбаъ меафзояд, ин теъдод муҳоҷирони корӣ, ки қаламрави Тоҷикистонро тарк карданд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 27 фисад бештар аст.

Вазорати меҳнат дар бораи оғози муҳоҷирати корӣ ба Қатару Кореяи Ҷанубӣ тавзеҳ дод

Зимнан қайд мешавад, ки танҳо моҳи июли соли ҷорӣ беш аз 57 ҳазор шаҳрвандони тоҷик барои дарёфти кор аз Тоҷикистон берун рафтаанд, ки ин адад дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 26,7 дарсад бештар аст.

Вазорати меҳнат: масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия то охири сол ҳал хоҳад шуд

Афзоиш ёфтани шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳафт моҳи соли равон дар ҳолест, ки соли гузашта раванди муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон якбора ба андозаи 10 дарсад коҳиш ёфта буд.