Ҳушдори обуҳавошиносон: чангу ғубор ва якбора то 7-9 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво

Обуҳавошиносон ба таваҷҷуҳи сокинони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои наздик ҳаво дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шуда, рӯзона дар маҳалҳо ҳарорат метавонад то 7-9 дараҷа паст шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ эҳтимол сар задани чангу ғубор ба назар мерасад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 26+28  дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон: дар Хатлон чангу ғубор дар пойтахт ҳавои абрноку гарм дар назар аст

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16  ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 9+14  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона  13+18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.