Боздошти омӯзгори Коллеҷи тиббӣ: аз довталаб 21 000 сомонӣ хостааст

Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Сангинов Ҷамшед Бароталиевич хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тавре Ожонс имрӯз дар сомонаи расмияш хабар додааст, Сангинов аз як шаҳрванд "А" барои қабул намудани фарзандаш ба Коллеҷи мазкур 21 000 сомонӣ талаб намудаст.

“Бозори Сомонро аз Чолов мегирам”: ҷазои Абдуаллимов барои қаллобӣ ва фурӯши духтарон

Манбаъ меафзояд, рӯзи 20 августи соли равон шаҳрванд "А" ба Ожонсӣ  муроҷиат намудаст, ки омӯзгори Колеҷ  тибби ҷумҳуриявӣ Сангинов Ҷамшед Бароталиевич аз ӯ барои ба муассисаи мазкур дохил намудани писараш аз ӯ 21 ҳазор сомонӣ талаб намудаст. 

Дар Тоҷикистон сатҳи ҷиноятҳои қаллобӣ ва авбошӣ афзоиш ёфтаст

 Зимнан, худи ҳамон рӯз оиди ин ҳолат нисбати Сангинов  бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ омӯзгор  пас аз гирифтани 21000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Юсупов, раиси “Гео замин” дар Хуҷанд дар қаллобӣ айбдор мешавад

Ожонсии зидди фасод мегӯяд, феълан тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сангинов  идома дорад.