Ҳалокати сокини шаҳри Бӯстон дар рӯзи ҷашни Истиқлолият

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки боиси ба ҳалокат расидани сокини шаҳри Бӯстон шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи мазкур рӯзи 9-уми сентябри соли равон, тахминан соати 06:20 дақиқа рух додаст.

Наврас аз бордони мошини падараш афтида, ба ҳалокат расид

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Саидов Муҳиддинҷон Тӯхтабоевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Хуҷанд-Сомғор-Ашт", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдураҳмонова Шоира Абдувоситовна, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Бӯстонро пахш намудааст.

Садамаи маргбор: Эмомалӣ Раҳмонов дар ноҳияи Восеъ дучархаронро пахш кард

ВУД мегӯяд, дар натиҷа, пиёдагард Абдураҳмонова Ш.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар Доғистон ронанда пиёдагарди 7 - солаи тоҷикро зер кардаст

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.