Душанбе Истиқлолияти давлатиро бо консертӣ бошукӯҳ ва оташбозии идона ҷамъбаст кард

Sputnik

Дар ҷараёни барномаи консертӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

Консерти идона ба муносибати Рӯзи истиқлол дар Душанбе - видео

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар баромади табрикотии хеш тамоми шаҳрвандон ва меҳмонони Душанберо ба муносибати 28 - умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ва фаъол шудани чархаи дуюми нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун  муборакбод намуд.

Дар барномаи бошукӯҳи консертӣ теъдоди зиёди шаҳрвандон, аз ҷумла сохтмончиёни нерӯгоҳи Роғун  иштирок намуданд. Дар фарҷоми барномаи идона таъби ҳозиринро бо доир намудани оташбозии зебо хурсанд намуданд.

1 / 12
Баромадаи Эмомалӣ Раҳмон дар оғози барномаи консертӣ
2 / 12
Суханронии раисҷумҳур ба муносибати ҷашни Истиқлолият
3 / 12
Ташрифи раисҷумҳури Тоҷикистон ба маҷмааи "Наврӯзгоҳ" макони баргузории консерти идона бахшида ба 28 - умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон
4 / 12
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро бо гулдаста пешвоз гирифтанд
5 / 12
Барномаи бошукӯҳи консертӣ
6 / 12
Барномаи бошукӯҳи консертӣ
7 / 12
Барномаи консертӣ дар "Наврӯзгоҳ"- и пойтахт
8 / 12
Барномаи бошукӯҳи консертӣ
9 / 12
Оташбозии зебо дар фарҷоми барномаи консертӣ
10 / 12
Сохтмончиёни НБО Роғун дар барномаи идона
11 / 12
Барномаи бошукӯҳи консертӣ
12 / 12
Оташбозии зебо дар барномаи идона