ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов туҳфаи "ҳавоӣ" - ҷомаи зардузиро, ки аз ҷониби мухлисон ба сӯяш ҳаво дода шуд, қапид.
Дарҳол пас аз ин ҳодиса хабар дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.
Аз навор дида мешавад, чигуна ҷома аз тарафи ҳаводорони Ҳабиб рост ба дастонаш меафтад.
Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.
Дар ин росто, президенти UFC Дана Уайт исми рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ном бурд.
Ба гуфти ӯ рақиби навбатии Ҳабиб бояд Тони Фергюсон шавад.
Тони Фергюсон аз рақибони қадимии Ҳабиб мебошад. Онҳо аллакай чор маротиба кӯшиши рақобат дар октагонро доштанд, вале вохӯриашон бо сабабҳои гуногун баргузор нашуд. Бори охир рақобати миёни Тони ва Ҳабиб ба далели захми варзишкори амрикоӣ, баргузор нашуд.
Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео
Фергюсон 12 бор пайи ҳам пирӯз шудааст. Ин варзишкори амрикоӣ ҳамагӣ 25 бор ба октагон баромада ва танҳо се маротиба мағлуб шудааст.