Ситоиши Раҳмон аз рақси духтарчаи 4-сола: "аз раққосаҳои касбӣ дида беҳтар буд" - видео

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рақси духтарчаи чорсола дар консерт ба муносибати 28-солагии Рӯзи истиқлоли давлатӣ ситоиш кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе ба муносибати 28-умин солгарди истиқлоли давлатӣ консерти идона баргузор шуд.

Дар барномаи фарҳангӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи баргузории барномаи консертӣ изҳори қаноатмандӣ карда фарҳангиёнро ба кори бештар ва эҷод кардани асарҳои тоза даъват кард.

"Бисёр дар сатҳи баланд. Вале ҳоло ҳам кор кардан даркор. То ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ бояд барномаи беҳтар омода шавад. Бастакорон асарҳои нав эҷод кунанд, сарояндагон ҳунарашонро сайқал диҳанд", - таъкид кард раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунари рақсӣ ёдрас шуда, рақси духтаракаи чорсоларо махсусан қайд кард.

"Рақси духтарчаи чорсола аз раққосаҳои касбӣ беҳтар буд", - гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар охир аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли санъат як гулдастаи зебои иборат аз гулҳои сафед тақдим шуд.