Навори фаъолсозии чархаи дуюми “Роғун” ва суханронии раисиҷумҳур - видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, чархаи дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро фаъол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар рӯзи таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун”-ро фаъол кард.

Тибқи гузориши телевизиони Тоҷикистон, Раҳмон баъди фаъолсозии чарха назди 10 ҳазор сохтмончӣ ва меҳмонон омада, онҳоро бо ҷашни Истиқлол ва фаъолсозии чархаи дуюм шодбош гуфт.

Ӯ зикр намуд, чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур аз он рӯз вақти зиёде нагузаштааст, вале то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловат соат неруи барқ истеҳсол гардид. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки корҳои бузург ҳанӯз дар пешанд ва аз масъулин даъват намуд, ки пулҳои ҷудошударо самаранок истифода баранду сохтмонро бо сифати баланд анҷом диҳанд.