ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Муовини аввали вазири маорифи Русия Павел Зенкович, эълон кард, ки бидуни шак омӯзгорони Русия дар мактабҳои Тоҷикистон муваффақ шуданд.
“Дар баробари омӯзгороне, ки забони русӣ дарс медиҳанд, устодоне ҳастанд, ки дигар дарсҳоро ба зобони русӣ омузиш медиҳанд. Назари мутахассисони Тоҷикистон ба мо мувофиқ аст. Кӯдакон забони русиро хубтар омӯхтанд ва ба фарҳанги Русия наздиктар ошнои пайдо карданд. Онҳо инчунин дониши худро дар самти омӯзиши риёзиёт, физика, кимиё ва биология беҳтар намуданд” –гуфт Зенкович.
Дидори сафири Русия бо омӯзгорони рус дар Душанбе
Ҳамзамон вай афзуд, ки ба ин барнома соли оянда Қирғизистон низ ҳамроҳ мешавад.
“Мо дархостҳои мусбии зиёде гирифтем ва ҳоло имкони роҳандозии ин гуна барномаро дар дигар кишварҳо низ баррасӣ дорем”, гуфт муовини вазири маорифи Русия.
Вай инчунин илова кард, ки ба ин барнома Виетнам низ алоқамандӣ пайдо кардааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тҷикистон таъкид намуда буд, ки дар кившар ниёз ба омӯзгорони забони русӣ ва адабиёт бештар шудааст.