ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз аввалинҳо шуда, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзии навбатияш муборакбод гуфт.
Рамазон Қодиров ки ҳаводори муҳорибаҳои омехта мебошад шахсан ба Абу-Дабӣ парвоз кард, то варзишкори русиягиро дар рақобат бо ҳамтои амрикоияш Дастин Пуаре дастгирӣ кунад.
Макгрегор хостори сабқат бо Нурмуҳаммедов шуд: Ҳабиб мехоҳад "девонагӣ"-ҳоро фаромӯш кунад
Шаби гузашта ҳамроҳи Ҳабиб дар октагон ҳамватанонаш - Умарӣ Аҳмадов, Муслим Солиҳов, Зубайр Тухугов, Майрбек Тонаш Айсумов ва Шамил Абдураҳимов низ, рақобат карданд.
Пас аз рақобати зебо Ҳабиб аз шодӣ аз дохили панҷара парида, чуноне худ шарҳ дод, тасодуфан ба болои президенти UFC Дейни Уайт афтид. Ӯ низ оғӯшашро кушода, Ҳабибро муборакбод гуфт.
Пасон даҳҳо нафар ёру дӯстон, ҳамватанон ва хешу ақрабо Ҳабибро бо пирӯзиаш табрик карданд.
Навори комили қувваозмоии Ҳабиб ва Дастин Пуаре
Рамазон Қоиров низ яке аз аввалинҳо шуда, Ҳабибро муборакбод гуфт.
"Ман варзишкори бузурги ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва кулли дастаро таҳти раҳбарии Абдулманон Нурмуҳаммадовро бо ҳимояи титули қаҳрамонӣ муборакбод мегӯям", - навишатааст Қодиров дар саҳифааш дар Instagram.
Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.